ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

Сайдуллозода Сайвали Сайдулло, Давлатшоев Рашид Асанхонович

Аннотатсия: 

Дар мақола натиҷаҳои таҳқиқи хусусиятҳои трансмиссияи автомобилҳои карьерии оилаи БелАЗ-7540А ҳангоми истифода дар шароити куҳсор (3500–4500 м аз сатҳи баҳр) пешниҳод шудаанд. Таҳлили муқоисавии трансмиссияҳои механикӣ ва гидромеханикӣ бо дарназардошти камшавии қувва ва моменти даврзании муҳаррик, баландшавии ҳарорати равған ва тағйири хусусиятҳои физикии моеъи трансмиссионӣ гузаронида шуд. Қиматҳои ҳисобии моменти дарзании зарурӣ ҳангоми ҳаракат аз ҷой муайян карда шуданд, коэффисиенти кори фоиданоки (ККФ) трансмисияҳо ва таъсири параметрҳои конструктивии редуктори мутобиқкунанда арзёбӣ гардид. Нишон дода шуд, ки истифодаи трансмиссияи гидромеханикӣ бо таҳвили афзоянда ё вариатор кори муҳаррикро сабук карда, хусусиятҳои кашишӣ-суръатии автомобилро беҳтар мекунад.

Калидвожаҳо: мошини боркаши карери, трансмиссия, интиқоли гидромеханикӣ, шароити кӯҳсор, моменти даврзанӣ, ККФ, гидротрансформатор.