ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

Давлатшоев Рашид Асанхонович, Мажитов Б.Ж.

Аннотатсия: 

Дар мақола модели умумии таҳлилии сустшавии тӯлии воқеии автомобил пешниҳод карда шудааст, ки ҳамзамон таъсири фейдинги ҳароратии механизмҳои боздорӣ, хусусиятҳои ҳолати рӯйпӯши роҳ, аз нав тақсимшавии динамикии сарбории амудӣ ва кори системаҳои электронии ABS/EBD-ро ба назар мегирад. Нишон дода шудааст, ки сустшавии воқеии автомобил аз омиле вобаста аст, ки қиматаш байни қобилияти системаи боздорӣ ва ҳудуди часпиши шинаҳо бо роҳ камтар мебошад. Ҳисобкунии ададӣ барои автомобили Mercedes W211 дар нишебии 5° бо дарназардошти гармшавии механизмҳои боздорӣ амалӣ карда шудааст. Натиҷаҳои бадастомада таъсири фейдинги механизмҳои боздориро ба самаранокии системаи боздорӣ нишон дода, маҳдудияти системаҳои электронӣ дар ҷуброн намудани коҳиши қувваи боздориро таъкид мекунанд.

Калидвожаҳо: сустшавии воқеӣ, системаи боздорӣ, фейдинг, часпиши чархҳо бо роҳ, ABS, EBD, аз нав тақсимшавии динамикии сарборӣ.