Давлатшоев Рашид Асанхонович
Аннотатсия:
Дар мақола модели математикӣ оид ба таъсири ҳарорат ба коэффисиенти соиши системаи боздории автомобили Mercedes-Benz W211 таҳия шудааст. Вобастагиҳои хаттӣ ва экспоненсиалии коэффисиенти соиш аз ҳарорати диски боздорӣ баррасӣ гардида, коэффисиенти ҳароратии фейдинг ҷорӣ карда шудааст, ки шиддатнокии коҳишёбии онро ҳангоми гармшавӣ тавсиф менамояд. Муайян карда шудааст, ки дар ҳарорати тақрибан 400 °C коэффисиенти соиш тақрибан 35 % коҳиш меёбад, ва фарқият байни моделҳои хаттӣ ва экспоненсиалӣ дар доираи ҳароратҳои корӣ ночиз мебошад. Татбиқи вобастагиҳои бадастомада барои ҳисобҳои муҳандисии роҳи боздорӣ ва арзёбии устувории ҳароратии системаҳои боздорӣ нишон дода шудааст.
Калидвожаҳо: коэффисиенти соиш, фейдинги ҳароратӣ, системаи боздорӣ, Mercedes-Benz W211, модели хаттӣ, модели экспоненсиалӣ.

