Амирализода Амиршоҳ Амиралӣ, Ҷурахонзода Рауф Ҷурахон, Назарзода Фирдавс Хоркаш
Аннотатсия:
Дар мақола хусусиятҳои физикавӣ ва химиявии равғанҳо, аз ҷумла зичии воқеӣ, индекси шикаст (зариби рефраксия), зичии оптикӣ ва параметрҳои ҳароратии гузаришҳои фазавӣ (ҳарорати гудозиш ва сахтшавӣ), ҳамчун нишондиҳандаҳои интегралӣ барои тавсифи сохтори молекулавӣ ва ҳолати агрегатии система баррасӣ гардиданд. Муайянкунии маҷмӯии ин параметрҳо имконият дод, ки хусусиятҳои структурӣ-гурӯҳӣ, инчунин нишондиҳандаҳои сифатӣ ва технологӣ бо дараҷаи баланди эътимоднокӣ арзёбӣ карда шаванд.
Калидвожаҳо: равғани пахта, равғани зағир, равғани мушхор, зичӣ, нишондиҳандаҳои физикавӣ ва химиявии, адади собунокӣ, адади кислотагӣ, адади эфирӣ, кислотаҳои органикӣ, фенол.

