Ҷобиров Умед Рустамович, Ғаниев Изатулло Наврузович, Обидов Зиёдулло Раҳматович
Аннотатсия:
Мақолаи мазкур ба таҳқиқоти рафтори анодии хӯлаи Zn0.5Al, ки бо эрбий ҷавҳаронидашуда, бахшида шудааст. Ба сифати муҳити коррозионии таҳқиқот муҳити кислотагӣ (HCl) интихоб карда шудааст. Бо иловакунии эрбий (0.01÷1.0%) ба хӯлаи аввалия намунаҳои гуногунтаркиби хӯла ҳосил карда шудааст. Таҳқиқоти рафтори анодии ин хӯлаҳо бо усули потенсиостатикӣ анҷом дода шудааст. Бо афзоиши консентратсияи HCl (0.001÷0.1н) дар муҳити кислотагӣ суръати коррозияи хӯлаҳо афзоиш меёбад. Ҳангоми ҷавҳаронии хӯлаи Zn0.5Al бо эрбий хосиятҳои зиддикоррозионии он тағйир меёбад. Иловаҳои эрбий (0.01÷0.1%) суръати коррозияи хӯлаи Zn0.5Al-ро 2-3 маротиба кам мекунанд.
Калидвожаҳо: хӯлаи Zn0.5Al, эрбий, усули потенсиостатикӣ, муҳити кислотагӣ, потенсиалҳои коррозия, суръати коррозия, рафтори анодӣ.

