Ғаниев Изатулло Наврузович, Музафаров Хусрав Давляталиевич, Хоҷаназаров Хайрулло Маҳмудхонович, Исмонов Рустам Довудович, Умаров Мирали Ашуралиевич
Аннотатсия:
Дар ин мақола натиҷаҳои омӯзиши микросохтор ва хосиятҳои механикии баббити қалъагӣ Б83, ки бо индий ҷавҳаронида шудааст, пешниҳод мегарданд. Ҳамчунин мавҷудияти зарраҳои фазаҳои интерметаллии ҳангоми кристаллизатсияи хӯла ба вуҷудомада мушоҳида карда шудааст. Миқдор ва андозаи зарраҳои фазаи дуюм ба хосиятҳои механикии хӯлаи ибтидоӣ таъсири назаррас мерасонанд. Баланд бардоштани минбаъдаи консентратсияи унсури ҷавҳаронӣ ба майдашавии сохтор оварда, онро якхела ва майдадонона мегардонад. Бо истифода аз усулҳои стандартии ченкунии сахтӣ (усули Бринелл) муайян карда шудааст, ки барпои зиёд кардани сахтӣ ва мустаҳкамии баббити қулъагӣ Б83 бо иловаи индий то 1,0 %-и массавӣ муайян карда шуд, ки ворид намудани индий ба тақсимоти фазаҳои интерметаллӣ, инчунин ба хусусиятҳои мустаҳкамӣ ва пластикии баббит қалъагӣ Б83 таъсир мерасонад. Натиҷаҳои бадастомада метавонанд ҳангоми таҳия ва такмили маводҳои коҳишдиҳандаи соиш барои милдонҳои лағжанда истифода шаванд.
Калидвожаҳо: баббити қалъагӣ Б83, индий, микросохтор, хосиятҳои механикӣ, сахтӣ, мустаҳкамӣ.

