Ҷобиров Умед Рустамович , Ғаниев Изатулло Наврузович, Обидов Зиёдулло Раҳматович
Аннотатсия:
Сахтӣ ва мустаҳкамии хӯлаи Zn0.5Al ва хӯлаҳои гуногунтаркиби Zn0.5Al-Sc(Y, Er) дар алоҳидагӣ бо компонентҳои ҷавҳаронии хӯла – скандий, иттрий ва эрбий таҳқиқ карда шудааст. Афзоиш ва камшавии сахтӣ дар ҳамаи хӯлаҳои гуногунтаркиби ҷавҳаронидашуда мушоҳида гардида, тағйирёбии он дар муқоиса бо сахтии хӯлаи Zn0.5Al мусбӣ ва самаранок аниқ карда шудааст. Рафтори компонентҳои металлии хӯла муайян мекунад, ки таъсири скандий ва иттрий ба баландбардории сахтӣ ва мустаҳкамии хӯлаи аввалия нисбат ба таъсири эрбий ба ин хосиятҳои хӯла бештар аст. Иловаҳои бештарини (0.5 ва 1.0%) ин компонентҳои ҷавҳаронии хӯла нисбат ба иловаҳои камтарини онҳо (0.01÷0.1%) андаке пастшавии сахтӣ ва мустаҳкамиро нишон додаанд, ки дар маҷмуъ қиматҳои амалан таҷрибавӣ аниқкардашудаи ин бузургиҳо дар муқоиса бо нишондоди қимати онҳо барои хӯлаи Zn0.5Al хеле назаррас аст.
Калидвожаҳо: хӯлаи Zn0.5Al, ҷавҳаронӣ, скандий, иттрий, эрбий, таҳқиқи сахтӣ, методи Бринелл, муайянкунии мустаҳкамӣ.

