ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ЭНЕРГЕТИКА
Давлатов Азамҷон Махмадиевич

Аннотатсия: 

Ин кори илмӣ ба тадқиқи самаранокии генераторҳои синхронии бисёрфаза дар неругоҳҳои барқи обии иқтидорашон хурд ва миёна бахшида шудааст. Одатан, ин мошинаҳои барқӣ дар реҷаи мустақил (автономӣ) ва бидуни хизматрасонии доимӣ фаъолият мекунанд. Зиёд кардани шумораи фазаҳо бо мақсади баланд бардоштани эътимоднокӣ сурат гирифтааст, зеро дар мошинҳои барқии бисёрфаза аз кор баромадани яке аз фазаҳо боиси бад шудани нишондиҳандаҳо мегардад, вале боиси аз кор мондани пурраи дастгоҳ намешавад. Ҳамзамон, ин усул самаранокии кори худи генераторро низ афзун мегардонад. Дар ин кор арзёбии самаранокии фаъолияти генераторҳо ҳангоми афзоиши шумораи фазаҳо ва истифодаи нақшаҳои гуногуни пайвастшавӣ ба блоки росткунанда гузаронида шудааст. Шумораи фазаҳо аз 3 то 9 адад тағйир дода шуд. Схемаҳои пайвастшавии ситора, ҳалқавӣ ва схемаи пулак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчун нишондиҳандаи сифат, қимати миёнаи шиддати ростшуда ва сатҳи набзи (пульсатсияи) шиддати ростшуда қабул карда шуданд. Натиҷаҳои таҳлил дар ҷадвалҳо ҷамъбаст гардидаанд, ки истифодаи онҳо дар таҷрибаи муҳандисӣ қулай мебошад.
Калидвожаҳо: НБО-хурд, печаи генератор, генератори бисёрфаза, росткунанда, пайвасти пулакӣ, набзи
шидати ростшуда.