Воҳидов Миробид Мирвоҳидович , Маҷидов Ғафурҷон Хушбахтович
Аннотатсия:
Дар мақола афзалиятҳои рақамикунонӣ ҳамчун самти ояндадор дар соҳаи электроэнергетика баён шудааст. Хусусиятҳои хоси кори шабакаҳои барқӣ ва унсурҳои онҳо бо истифода аз технологияҳои «Smart Grid» мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Таҳлили кори унсури асосии шабака - зеристгоҳи барқии рақамӣ - ба таври муфассал пешниҳод мешавад, ки дар он сохтор ва равандҳои идоракунии таҷҳизоти таркибӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Гузариш ба технологияҳои рақамӣ яке аз самтҳои асосии ояндадори рушди энергетикаи муосир ба шумор рафта, рақамикунонии зеристгоҳҳои барқӣ имкони баланд бардоштани эътимоднокӣ, беҳтаркунии сифати нерӯи барқи додашаванда, таъмини бартарафсозии фаврии ҳолатҳои садамавӣ ва муносибгардонии хароҷоти истифодабариро фароҳам меорад.
Автоматикунонии паҳншуда, мониторинги фосилавии низом дар маҷмӯъ ва идоракунии ягонаи ҳамаи ҷузъҳои он — ин дар умум бо гузариш ба низоми зеҳнии идоракунӣ, ки бар асоси платформаи кушодаи додаҳо фаъолият мекунад, имконпазир мегардад.
Калидвожаҳо: рақамикунинии зеристгоҳҳои барқӣ, технологияиҳои рақамӣ, шабакаи электрикӣ, зеристгоҳи барқӣ, трансформатор, эътимоднокӣ, сарфакорӣ

