Гулов Диловар Юсупович, Давлатов Азамaҷон Маҳмадиевич, Одинаев Некқадам Хушқадамович, Қаҳоров Рустам Асалиевич, Амирханов Алишер Сайвалиевич
Аннотатсия:
Дар асоси ташхиси расиши кутоҳи байни печидаҳо, ки тибқи он насби печаҳои иттилоотии иловагӣ имкон медиҳад, ки асимметрияи магнитии мошинаро, ки дар шароитҳои садамавӣ ба вуҷуд меояд, қайд кунад. Заминаи назариявии равиши мазкур ба усули классикии ташкилдиҳандаҳои симметрӣ асос ёфтааст. Вале иҷрои амалии он бо як қатор номуайяниҳои техникӣ алоқаманд мебошад. Аз ҷумла, самаранокии усул метавонад аз ҳисоби омилҳое, ки дар модели назариявии аввалия ба назар гирифта нашудаанд, коҳиш ёбад: таъсири ғайрихаттии сершавии занҷири магнитӣ (вайронкунандаи принсипи суперпозитсия) ва таъсири ташкилдиҳандаҳои гармоникаҳои олии майдони магнитӣ. Бо мақсади санҷиши қобилияти кории усули мазкур ва арзёбии дараҷаи таъсири сершавии магнитӣ ва гармоникаҳои олӣ,
тадқиқот дар дастгоҳи воқеии генератор амалӣ карда шуд.
Калидвожаҳо: генератори синхроний, магнити доими, расиши кутоҳи байни печидаҳо

