Қосимов Бахтиёр Исматуллоевич, Шарбатов Наврӯз Сайвалиевич, Қаюмов Алишер Ғафурҷонович, Аминов Дилшод Саидович, Давлатов Азамҷон Махмадиевич
Аннотатсия:
Дар мақола масъалаи истифодаи самараноки потенисали дарёҳои хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таъминоти ғайримарказонидашудаи нерӯи барқ баррасӣ шудааст. Зарурати истифодаи генератори синхронии асинхронишуда (мошинаи манбаи таъминоташ дутога) дар ҳайати неругоҳҳои барқи обии хурд асоснок карда шудааст.
Афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии ҷорӣ намудани чунин комплексҳо, аз ҷумла баланд бардоштани интиқоли тавонои минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, коҳиш додани хароҷоти истифодабарӣ ва кам кардани партовҳои CO₂ қайд гардидаанд. Дар оянда гузаштан ба системаҳои хурди гидроэнергетикии гибридии мутобиқшаванда (адаптивӣ), ки
элементҳои фаъоли зеҳнии низоми энергетикӣ мебошанд, тавсия дода мешавад.
Калидвожаҳо: МБЭ, генератори синхронии асинхронишуда бо манбаи таъминоташ дутога, мошинҳои ҷараёни тағйирёбанда, идоракунии мошинҳои электрикӣ, мошинҳои синхронӣ, генератори асинхронӣ.

