Абдуллозода Рамазон Толибҷон
Аннотатсия:
Дар мақола тавсифоти умумии вайроншавиҳои хатҳои интиқоли барқии шиддати 6–10 кВ дар якчанд зеристгоҳҳои Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар ш. Кӯлоб оварда шудааст. Дар доираи тадқиқоти гузаронидашуда таҳлили омории вайроншавиҳо иҷро шуда, хусусиятҳои шароити маҳаллии истифодаи таҷҳизоти барқӣ муайян карда шудааст,
ҳамчунин таҳлили хомушшавиҳои садамавӣ дар хатҳои баромад вобаста ба мавсими сол гузаронида шудааст. Натиҷаҳои таҳлил нишон медиҳанд, ки миқдори зиёди хомушшавиҳои садамавӣ ба мавсими зимистон рост меояд, ки ин бо зиёдшавии сарбории элементҳои системаҳои электротаъминкунӣ алоқаманд мебошад. Илова бар ин, маълумот барои ҳар як хатти баромад алоҳида пешниҳод гардида, миқдори хомушшавиҳои он нишон дода шуда, чораҳои барқарорсозии реҷаи муқаррарии системаи электротаъминкунӣ баррасӣ шудаанд. Таҳлили оморӣ дар асоси маълумоти саҳеҳ аз журналҳои амалиётӣ сурат гирифтааст, ки ин журналҳо бастабандӣ ва рақамгузорӣ шуда, бо имзои шахсони масъул ва муҳри муассиса
тасдиқ гардидаанд.
Калидвожаҳо: шабакаҳои барқӣ, ҳимояи релеӣ, автоматика, расиш ба замин, муайянкунии ҷойи вайроншавӣ.

