Акрамов Мухаммад Бозорович, Зубайдов Саидахмад, Кодиров Анвар Саидкулович, Норкулов Холтура Олимшоевич, Анваров Джахонгир Муминджонович
Аннотация:
Дар мақола натиҷаҳои таҳқиқи тағйирёбии хусусиятҳои электрикии миси катодӣ бо кадмий оварда шудааст. Ҷараёнгузаронии намунаҳо нисбат ба ҷараёнгузаронии миси тоза коҳиш меёбад. Бо баландшавии ҳарорати намунаҳо муқовимати хоси электрикии намунаҳои кадмий ҳамроҳшуда (аз 0 то 1,25%) меафзояд. Дар натиҷа полиномияҳое ба даст оварда шудаанд, ки ҷараёнгузаронии намунаҳоро вобаста аз ҳарорат тавсиф мекунанд. Натиҷаҳои бадастомадаро дар истеҳсоли маводҳои электротехникӣ дар асоси мис истифода бурдан мумкин аст.
Калимаҳои калидй: мис, тағирдиҳӣ, электргузаронй, модел, муодилаҳои регрессионӣ.

