ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

1Низомов Ҷаҳонгир Низомович, 2Қаландарбеков Имомёрбек Қаландарбекович, 2Қаландарзода  Ифтихор Имомёр

1Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ

2Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Аннотатсия: 

Ин  мақолаи баррасии  амсилаҳои муосир ва методҳои таҳлили масъалаҳои динамикии баҳамтаъсиркунии бинҳоо бо асосҳои хокӣ ҳангоми таъсироти сейсмикӣ барраси карда  шудааст. Баҳисобгирии хусусияти ғайрихаттии хок ва инчунин таъсири навъҳои гуногуни таҳкурсӣ ба қобилияти зилзилатобоварии конструксияҳо диққати махсус дода шудааст. Методҳои ададии моделкунонӣ, инчунин натиҷаҳои таҷрибаҳои ҳисоббарорӣ, ки хусусиятҳои характерноки аз таҳкурсӣ ба қисми болоии бино гузоштани  мавҷҳои сейсмикро нишон медиҳанд, оварда шудаанд. Таҳлили кор ба баланд бардоштани саҳеҳии ҳисобҳо ҳангоми лоиҳакашии биноҳо дар минтақаҳои аз ҷиҳати сеймикӣ хавфнок нигаронида  шуда,  барои мутахассисисон соҳаи сохтмони зилзилатобоварии ва геологияи муҳандисӣ муфид буда метавонад.

Калимаҳои калидӣ: зилзилатобоварии сохтмон, баҳамтаъсиркунии бино бо асос, таъсироти сейсмикӣ, лаппиш, методҳои ададӣ, моделкунонии ададӣ, нармии асос, моделкунонии математикӣ, плитаи таҳкурсӣ.