ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

НАҚЛИЁТ

1Абдулло Мамадамон Абдурахмонбек, 2Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло, 3Абдуллоев Аҳмад Ақдодович

1Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба  номи академик М.С. Осимӣ

2Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш.Хуҷанд

3ҶСК “ТГЭМ”

Аннотатсия: 

Дар мақола бехатарии автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ, ки омили асосии паҳншавии васеи онҳо ва эътимоди истеъмолкунандагон мебошад, инчунин стандартҳои бехатарии нақлиёти автомобилӣ баррасӣ шудааст. Тадқиқоти охирин ва натиҷаҳои озмоишҳо садамаҳо нишон медиҳанд, ки ин мошинҳо ҳамчун моделҳои анъанавӣ бо муҳаррикҳои дарунсӯзӣ бехатаранд ва дар баъзе ҷиҳатҳо ҳатто аз онҳо зиёдтаранд. Автомобилҳои барқӣ аз ҳисоби ҷойгиркунии батареяҳои аккумуляторӣ маркази вазнинии паст доранд, ки устуворияти онҳоро зиёд мекунад ва хатари чаппашавиро коҳиш медиҳад. Набудани муҳаррики дарунсӯз аз пеш имкон медиҳад, ки ҳудуди деформатсия васеътар гардида, муҳофизати беҳтари мусофирон таъмин гардад. Автомобилҳои гибридӣ бартариҳои автомобилҳои анъанавиро бо қарорҳои инноватсионӣ муттаҳид мекунанд, аммо ба онҳо хатарҳои муштараки ҳам системаи сӯзишворӣ ва ҳам батареяҳои аккумуляторӣ хосанд. Мушкилоти асосии бехатарии автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ ин эҳтимоли “фирори гармӣ”-и батареяҳои аккумуляторӣ ва душвории хомӯш кардани онҳо мебошад, ки технологияҳои махсус ва омӯзиши хадамоти фавқулоддаро талаб мекунад. Дар маҷмуъ, онҳо сатҳи баланди бехатарии фаъол, ғайрифаъол ва пас аз садамаро бо риояи стандартҳои байналмилалӣ таъмин мекунанд.

Калидвожаҳо: бехатарии электромобилҳо, бехатарии фаъол ва ғарифаъол, бехатарии экологӣ, бехатарии электромагнитӣ, гибрид, аккумуляторҳои литий-ионӣ, фирори гармӣ.