Ашурзода Бахтиёр Саидқул, Ҳасанов Нозимшо Назокатшоевич, Пирматов Раҳматулло Ҳамидуллоевич, Ҷумаева Замира Ахмедовна
Аннотатсия:
Дар мақола тавсияҳо оид ба беҳтар кардани хусусиятҳои акустикии биноҳои ҷамъиятӣ, ки ба баланд бардоштани бароҳатӣ ва вазифаҳои муҳити дохилӣ нигаронида шудаанд, пешниҳод гардида, диққати асосӣ ба намудҳои гуноргуни мушкилоти акустикӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ, маъмурӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва тиббӣ ба миен меоянд, дода мешавад. Усулҳои садомуҳофизӣ ва садофурӯбарӣ, истифодаи масолеҳи замонавии сохтмонӣ ва ороишӣ, ҳалҳои лоиҳавӣ оид ба коҳиш додани сатҳи садои фазогиву зарбавӣ таҳлил карда шуданд. Дар натиҷа, чораҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд, ки ба ченакҳои меъёрии муҳити акустикӣ мувофиқи талаботи МҚС ва стандартҳои байналмилалӣ ноил шудан мумкин аст. Тавсияҳои пешниҳодгардида метавонанд аз ҷониби меъморон ва тарроҳон ҳангоми тарҳрезӣ ва таҷдиди биноҳои ҷамъиятӣ барои фароҳам овардани муҳити бароҳат ва солими садо истифода шаванд.
Калимаҳои калидӣ: акустика, изолятсияи садо, азхудкунии садо, садо, муҳити садо, басомад, садои ҳаво ва зарба, муҳити акустикӣ.

