ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Муминов Ашрафҷон Раҳмоналиевич, Ҳасанов Нозимшо Назокатшоевич, Ҳасанов Фирдавс Нозимшоевич

Аннотатсия: 

Мақолаи мазкур ба таҳияи тавсиҳои амалӣ оиди лоиҳакашии муассисаҳои таҳсилотии фарогир (МТФ) бахшида шуда, дар асоси таҳлили натиҷаҳои кори тадқиқотӣ ва дарназардошти хулосаҳои дар онҳо ба дастомада таълиф гардидааст. Дар он масъалаҳои марбут ба ҳалҳои тарҳӣ, меъмориву фазоӣ, ташаккули муҳити атрофи муассисаҳои таҳсилотии фарогир, истифодаи воситаҳои меъмориву техникии мавқеъмуайянсозӣ дар фазои атроф ва инчунин таҳлили нишондиҳандаҳои техникиву иқтисодии ҳалли меъморӣ-сохтмонии биноҳои дар мақола пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Калидвожаҳо: омилҳо, таҳсилот, фарогир, муҳити физикӣ, ҳалли меъморӣ, дизайни универсалӣ.