Сайраҳмонов Раҳимҷон Ҳусейнович, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Бердиев Ҷамшед Анварович, Назиров Яҳё Гиёҳович
Аннотатсия:
Дар мақола масъалаҳои самаранокии иқтисодӣ ва афзалиятҳои экологӣ, истифодаи асфалтбетони сард дар сохтмони роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд. Инчунин таҷрибаи истифодаи асфалтбетони сард дар шароити Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба маводҳои маҳаллӣ, иқлим ва омилҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид. Имкониятҳои кам кардани арзиши сохтмон, кам кардани хароҷоти энергия ва кам кардани партовҳои зараровар тавассути истифодаи технологияҳои муосир ва истифодаи захираҳои ашеи хоми маҳаллӣ нишон дода шудаанд.
Калимавожаҳо: самаранокии иқтисодӣ, афзалиятҳои экологӣ, маводи маҳаллӣ, омилҳои иқтисодӣ, асфалтбетони сард, сохтмони роҳҳо, роҳҳо.

