ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Муминов Ашрафҷон Раҳмоналиевич

Аннотатсия: 

Дар мақолаи мазкур принсипҳои муосири лоиҳакашии биноҳои  муассисаҳои таҳсилотии фарогир, ки ҷиҳати ташаккул додани муҳити боҳузуру ҳаловати универсалӣ, дастрас ва меъморӣ барои кулли хонандагон, аз ҷумла кӯдакони имкониятҳои маҳдуд равона шудаанд, баррасӣ гардидааст. Дар он муносибатҳои калидии лоиҳакашӣ, ба монанди муҳити бемонеа, ҳалли фасеҳии тарҳрезӣ, мутобиқгардонии фазоҳои таҳсилотӣ ва инчунин, талабот нисбати системаҳои муҳандисиву робитавӣ мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.  Дарҷ гардидааст, ки риоя гардидани меъёрҳои таъмини дастрасӣ бо истифодаи ҳалҳои эргономикиву бехатар дар раванди лоиҳакашии меъмории устувору башардӯстона ниҳоят муҳим мебошад.

Калидвожаҳо: таҳсилоти фарогир, муҳити дастрас, фарогирӣ, муҳити  меъморӣ, мутобиқгардонӣ, лоиҳакашӣ.