ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Зарифов Сироҷиддин Садриддинович

Аннотатсия: 

Дар мақола ҳолати шиддатнокию-деформатсияшавии контурҳои иншооти зеризаминӣ бо крепи сарбаст набуда аз таъсироти гуногун дар асоси методи муодилаҳои итегралии канорӣ тадқиқ карда мешавад. Барои ҳалли масъалаи таъсири ҳамдигарии иншооти маҳкамкардашудаи зеризаминӣ бо массиви ҷинсҳо дар шароити деформатсияи ҳамвор алгоритм коркад шудааст ва модели математикӣ пешниҳод карда мешавад. Дар натиҷаи аппроксимонии параметрҳои канорӣ системаҳои муодилаҳои ҳалшаванда ба даст оварда шудаанд. Аз ҳалли ин системаҳои муодилаҳо ҳолати шиддатнокию-деформатсияшавии контурҳои иншооти зеризаминӣ аз таъсироти гуногун муайян карда мешаванд.

Калидвожаҳо: контур, креп, тоннель, коркард, саҳади васлӣ, консентратсияи шиддатҳо, моделсозӣ, массиви ҷинсҳои кӯҳӣ.