ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Шокиров Раҷабалӣ Маҳмадалевич, Муминов Ашрафҷон Раҳмоналиевич, Миралиев Сулаймон Абдулваҳобович

Аннотатсия: 

Мақолаи мазкур ба масъалаҳои лоиҳакашии пандусҳо дар марказҳои фарогири таълимӣ барои гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ (ГКА) бахшида шудааст. Дар мақола вариантҳои гуногуни ҳалли тарҳрезии пандусҳо, бо назардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ, баррасӣ карда мешаванд. Таъмини муҳити дастрас барои маъюбон ва ГКА яке аз муҳимтарин вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. То имрӯз дар марказҳои фарогири таълимӣ барои дастрасии бемамонияти ГКА ба объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ шароит пурра фароҳам оварда нашудааст. Мақсади ин мақола нишон додани роҳҳои дурусти сохтани пандусҳо, ҳамчун яке аз унсурҳои асосии онҳо, таъмини дастрасии роҳи ҳаракат барои ГКА мебошад. Пандусҳо дар биноҳо ва иншоот, инчунин дар майдонҳои кушод, конструксияи махсуси ҳамворро ифода мекунанд ва нишебии ночиз доранд, ки ҳаракати ГКА инчунин, имконияти (дар курси- чархҳо) боло рафтан ё фаромадани нақлиёти хурдро осон мекунанд. Онҳо зинаҳоро иваз  намуда, пайвастагии байни сатҳҳои гуногунро таъмин мекунанд ва ҳангоми истифодабарӣ бояд боэътимод ва бехатар бошанд.

Калидвожаҳо: пандус, лоиҳакашӣ, марказҳои фарогири таълимӣ, гуруҳи камҳаракати аҳолӣ, унсур, талаботҳои муосир, бехатарӣ, шаҳрсозӣ.