1Зокиров Фуркатшох Шахриерович, 1Ғаниев Изатулло Наврузович, 2Рахматуллоева Гулноза Мухриевна, 2Маҳмадизода Муродали Маҳмади
1Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ
2Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Аннотатсия:
Дар айни замон, дар бисёр соҳаҳои техника таваҷҷӯҳ ба масолеҳи ба гармӣ тобовар дар асоси хӯлаҳои алюминий зиёд шудааст. Онҳо дар электротехника барои истеҳсоли ноқилҳои ба гармӣ тобовар ва хатҳои баландшиддати электр истифода мебаранд. Дар мақола натиҷаҳои омӯзиши термогравиметрии таъсири мутақобилаи хӯлаи ноқили алюминийи AlTi0.1 дорои калий, дар атмосфера ҳаво дар ҳудуди 723-823 К, дар ҳолати сахт оварда шудааст. Параметрҳои кинетикии раванди оксидшавӣ муайян карда шуданд. Маълум шуд, ки иловаи калий то 0,5 мас.% суръати оксидшавии хӯлаи ноқили алюминийи AlTi0.1-ро зиёд мекунад, ки ин бо камшавии энергияи намоёни фаъолшавии раванди оксидшавӣ аз 140.00 то 117.11 кҶ/мол мувофиқ мебошад. Раванди оксидшавии хӯлаҳо ба муодилаи гиперболӣ итоат мекунад.
Калидвожаҳо: хӯлаи алюминий AlTi0.1, калий, усули термогравиметрӣ, кинетикаи оксидшавӣ, суръати оксидшавии ҳақиқӣ, энергияи фаъолси оксидшавӣ.

