Юнусов Мансур Юсуфович, Шарифов Шариф Нурович, Холикзода Муслихиддин Салохиддин, Ниёзов Одил Саторович
Аннотатсия:
Дар мақола маълумоти умумӣ оид ба равғанҳои молиданӣ дар асоси собунҳои комплексӣ оварда шудааст, ки онҳо дар фосилаи васеи ҳароратӣ қобилияти корӣ дошта, дар шароити вазнини истифодабарии мошину механизмҳо самаранокии баланд нишон медиҳанд. Таваҷҷуҳ асосан ба равғанҳои алюминийи комплексӣ равона шудааст, ки онҳо хосияти обногузарӣ, устувории кимиёвию хосиятҳои хуби муҳофизатӣ, ки барои равғанҳои оддии алюминӣ хос аст ва иловатан бо устувории баланди гармӣ, механикӣ ва коллоидӣ беҳтар мегардад, нишондиҳандаҳои баланди истифодабарии чунин равғанҳоро таъмин менамоянд. Сарфи назар аз он ки чунин равғанҳо ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XX ҳосил карда шуда, дорои хосиятҳои баланди истифодабарӣ мебошанд, онҳо то ҳол ҳатто 5 %-и бозори умумии равғанҳои пластикиро ташкил намекунанд. Дар тадқиқот ҳамчун унсури ғализкунандаи чунин равғанҳо кислотаи равғании поккардашуда, ки аз равғани пахта ҳосил мегардад, интихоб шуда, дараҷаи таъсири он ба ташаккули сохтори равғани пластикӣ омӯхта шудааст.
Вожаҳои калидӣ: мошинҳо ва механизмҳо, узвҳои трибологӣ, маводи молиданӣ, равғанҳои пластикӣ, собунҳои алюминийи комплексӣ, кислотаҳои равғании пок кардашуда.

