ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

Мирзозода Суҳроб Бегмат, Содиков Жамшид Иброҳим угли, Мирзоев Фаридун Сухробович

Аннотатсия: 

Дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон нигоҳдорӣ ва рушду такмили шабакаи роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ муносибати мукаммалу ҳамҷояро талаб менамояд, ки ҳам хусусиятҳои релеф ва ҳам маҳдудияти захираҳои буҷетиро ба назар гирад. Дар мақола масъалаҳои асосии беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори роҳҳои автомобилгард баррасӣ шудаанд, ки ба онҳо муайян намудани афзалиятнокии қитъаҳо, ҳисоб кардани маблағи зарурии маблағгузорӣ, такмил додани пойгоҳи меъёрӣ, ҷалби ташкилотҳои пудратӣ ва таъмини кадрӣ дохил мешаванд. Ҳисобҳои тақрибии ҳаҷми зарурии маблағгузорӣ барои нигоҳдории роҳҳо бо дарназардошти категорияи рӯйпӯш ва хидматрасонии зимистона пешниҳод шудаанд. Зарурати ҷорӣ намудани низоми иттилоотии идоракунии дороиҳои роҳ (СИДР) ва гузариш ба идоракунии барномавию ҳадафманд асоснок карда шудааст. Дар таҳлил усулҳои методие истифода шудаанд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ қабул гардидаанд. Маводи мақола метавонад ҳамчун асос барои таҳияи стратегия ва сиёсати роҳдорӣ дар минтақаҳои кӯҳистон истифода бурда шавад.

Калидвожаҳо: роҳҳои автомобилгард, минтақаҳои кӯҳӣ, нигоҳдории роҳҳо, банақшагирии буҷетӣ, HDM-IV, СИДР, инфрасохтори нақлиёт, Тоҷикистон.