Давлатшоев Рашид Асанхонович
Аннотатсия:
Дар мақола масъалаҳои баҳодиҳии захираи устуворӣ ва эътимоднокии системаи боздории автомобилҳое, ки дар шароити кӯҳӣ истифода мешаванд, баррасӣ шудаанд. Дар асоси мисоли автомобили Mercedes-Benz W211 ҳисобҳои коэффисиенти устуворӣ нисбат ба ҳароратгузаронӣ анҷом дода шуда, нишондиҳандаҳои эҳтимолии эътимоднокӣ таҳлил гардида, инчунин чораҳои конструктивӣ ва истифодабарӣ барои баланд бардоштани устуворӣ ва эътимоднокии системаи боздорӣ дар шароити бори изофӣ ва таъсири ҳароратӣ асоснок карда шудаанд.
Калидвожаҳо: системаи боздорӣ, ҳароратгузаронӣ, коэффисиенти устуворӣ, эътимоднокӣ, фейдинг, Mercedes-Benz W211, шароити кӯҳсор, таҳлили ҳароратӣ.

