ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ТЕХНОЛОГИЯИ КИМИЁВӢ

Кодиров Анвар Саидкулович, Толибзода Умеда Олим, Наҷмудинова Фарзона Исматуллоевна, Шаймурадов Фирдавс Иноятович, Рахимов Илхомиддин Мирзоевич

Аннотатсия: 

Тадқиқоти гузаронидашуда ба арзёбии таркиби химиявии обҳои зеризаминӣ ва таҳияи технологияи самараноки безараргардонии он равона шудааст. Муайян карда шуд, ки дар аксар ҷойҳо нишондодҳои сифати об ба меъёр мувофиқанд, вале дар баъзе ҷойҳо аз меъёр зиёд будани як қатор параметрҳо ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчун ҳалли технологияи тозакунӣ бо истифода аз коагулянтҳо ва гилҳои бентонитӣ пешниҳод карда шуд, ки коҳиши консентратсияи моддаҳои ифлоскунанда ва беҳтар шудани хусусияти санитарии обро таъмин мекунанд. Ин усул барои истифода осон, аз ҷиҳати экологӣ бехатар аст ва мумкин аст барои татбиқ дар нуқтаҳои асосии обкашӣ тавсия дода шавад. Истифодаи он таъминоти устувори об, кам кардани хатарҳои экологӣ ва баланд бардоштани самаранокии мониторинг ва идоракунии захираҳои обҳои зеризаминиро дар минтақаи тадқиқотӣ таъмин менамояд.

Калидвожаҳо: об, обҳои зеризаминӣ, гидрохимия, гидрология, коагулянтҳо, бентонит, безараргардонӣ, тозакунӣ, экология, обгирӣ, мониторинг.