ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ТЕХНОЛОГИЯИ КИМИЁВӢ

Мухторов Парвиз Алимаҳмадович, Усмонов Муҳаммадсалим Бозорович, Умаралии Сафаралӣ, Қурбонова Ҳанифа, Холов Холмаҳмад Исроилович

Аннотатсия: 

Дар кори мазкур нақшаи технологии ҷудокунии системаи обӣ-намакии бисёркомпонента, ки ионҳои калий, алюминий, калсий ва сулфатро дар бар мегирад, таҳия шудааст. Нақша ба кристаллизатсияи интихобии маҳсулоти мақсаднок – гипс (CaSO·2HO) ва зоки алюмокалигӣ (KAl(SO)·12HO) – асос ёфтааст, ки аз ҳисоби фарқи ҳалшавии онҳо дар ҳароратҳои 25 ва 0 °C амалӣ мегардад. Пас аз ҷудо кардани зок, маҳлули модарӣ, ки асосан сулфати калийро дар бар мегирад, барои такроран ворид кардан ба раванди аввала пешниҳод мешавад, то ҳосили умумии маҳсулот зиёд гардад. Ин нақша имкон медиҳад, ки маҳсулоти мақсаднок бо талафоти ками ҳадди ақал ба даст оварда шавад.

Калидвожаҳо: нақшаи технологӣ, сулфати калий, сулфати алюминий, гипс, зоки алюмокалигӣ, кристаллизатсия, ҳалшавӣ, вобастагии ҳароратӣ, системаҳои бисёркомпонента, ҷудокунии моддаҳо.