Раҳимзода Ҳаёт Шифоқул, Эшов Бахтиер Бадалович, Бадалов Абдулхайр Бадалович, Осими Оқил, Қодиров Абдурашид
Аннотатсия:
Ҳадафи кор аз таҳияи усули босамар ва аз ҷиҳати экологӣ муфиди ҷудокунии мис ва бартарафсозии арсеникум аз консентратҳои сулфидии мисдор-арсендор бо сӯзиши хлоркунонӣ бо воситаи хлориди натрий. Таъсири омилҳои асосӣ — ҳарорат, вақти нигоҳдории раванди сӯзонидан ва таносуби массаи реагенти хлоркунонандаи хлориди натрий ба массаи консентрат — ба суръати раванди сӯзонидани консентратҳо бо оксидкунандаи хлордор омӯхта шудаанд. Сӯзонидани хлорронии консентрат бо ду тарз - додани ҳаво ва бидуни дастрасии ҳаво гузаронида шуд. Омӯзиши таъсири ҳар як омил аз зумраи омилҳои зикршуда, бо собит нигоҳ доштани дигарон иҷро гардид. Шароити оптималии гузаронидани раванди мазкур, ки ҳосили баланди маҳсулоти мақсаднокро таъмин мекунад, муайян карда шудааст.
Калимаҳои калидӣ: консентрати сулфидии мису-арсендор, сӯзонидани хлорронӣ, хлориди натрий, дурнамоҳои истеҳсоли консентрати мис.

