Раҷабов Мирзошариф Шарифович, Султонзода (Султонов) Шерхон Муртазо
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
Аннотатсия:
Дар мақола масъалаи оптимизатсияи кӯтоҳмуддати реҷаҳои кории силсила нерӯгоҳҳои барқи обии Вахш баррасӣ шудааст. Модели математикӣ таҳия карда шудааст, ки маҳдудиятҳои корӣ, гидравликӣ ва энергетикиро, инчунин хусусиятҳои танзими ҷараёни обанборҳоро ба назар мегирад. Модел аз функсияи ҳадафии максимуми истеҳсоли энергияи электрикӣ бо риояи тавозуни об ва маҳдудиятҳои сатҳи болообу поёнооб, сарфи об ва тавонӣ нигаронида шудааст, иборат аст.
Калидвожаҳо: силсила нерӯгоҳҳои барқи обӣ, оптимизатсияи кӯтоҳмуддат, реҷаи корӣ, модели математикӣ.

