Хоҷаназаров Хайрулло Маҳмудхонович, Ғаниев Изатулло Наврузович, Саидов Шоҳин Худойдодович, Исмонов Рустам Довудович
Аннотатсия:
Дар мақола натиҷаҳои тадқиқи кинетикаи оксидшавии баббити сурбӣ Б(PbSb15Sn10) бо индий дар ҳудуди ҳарорати 373–473К, маҳсулоти оксидшавии хӯлаҳо ва микросохтори онҳо баррасӣ шудааст. Тадқиқотҳо бо усули термогравиметрӣ дар ҳаво бо фишори атмосферӣ дар ҳудуди ҳарорати 373—473 К гузаронида шуданд. Муайян карда шуд, ки раванди оксидшавиро дар тамоми ҳудуди ҳарорати тадқиқшуда бо дақиқии баланд бо полиномии дараҷаи чорум тавсиф кардан мумкин аст. Дар раванди гузаронидани таҷриба, тағйирёбии даврии суръати оксидшавиро вобаста аз вақт қайд карда шуд. Параметрҳои кинетикӣ ва энергетикии раванди оксидшавии хулаҳо муайян карда шуданд. Муайян карда шуд, ки иловаҳои индий оксидшавии хӯлаи ибтидои Б(PbSb15Sn10)-ро зиёд мекунанд. Нишон дода шудааст, ки иловаҳои компоненти ҷавҳаронӣ микросохтори онро ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Усули таҳлили рентгенофазавӣ маълум кард, ки маҳсулоти оксидшавии хӯлаҳо аз оксидҳо зерин иборатанд: PbO, Pb0.828O2, Pb2(SnSb)O6.5, Sb2O4, Pb2SnO4, PbSb2O6, In2O3. (Pb3Sb2O8.47)6.4.
Калимаҳои калидӣ: кинетикаи оксидшавӣ, баббит Б(PbSb15Sn10), индий, энергияи фаъолшавӣ, константаи суръати оксидшавӣ, микросохтор, ТРФ.

