Гулов Саломидин Садридинович, Алиев Ҷамшед Насридинович
Аннотатсия:
Мақола тартиби амалигардии расму қоидаи таҳлилиро барои ҳалли масъалаи интихоби пӯлоди конструксиониро бо дарназардошти шартҳои истифодабарии он тавсиф менамояд. Меъёрхои асосии таъмини мустаҳкамӣ ва устувории маснуоти мошинсозӣ қайд карда шудааст. Ба нуқтаи назари муҳандисии коркарди масолеҳе, ки тавсифи устувори истифодабариро ҳангоми таъсири мутақобила бо муҳити корӣ дар шароити кори механикӣ кафолат медиҳад, диққати махсус дода мешавад.
Калидвожаҳо: сифати маснуоти мошинсозӣ, хосиятҳои истифодабарӣ, муҳити истеҳсолӣ, эътимоднокии конструксия, пойдории маснуот, устувории конструктивӣ, тавсифҳои физикию механикӣ, нишондиҳандаҳои хосиятҳои истифодабарӣ.

