ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

МЕТАЛЛУРГИЯ ВА МАВОДШИНОСӢ

Одиназода Бозоралӣ Неъмат, Хақдодов Маҳмудҷон Маҳмадшарифович, Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд

Аннотатсия: 

Дар мақола таҳлили усулҳои гуногуни таҳқиқи хосиятҳои садо ва ларзишпахшкунии маводҳои металлӣ ва баҳодиҳии самаранокии онҳо оварда шудааст. Дар асоси таҳқиқотҳои гузаронидашуда дастгоҳ барои таҳқиқи хосиятҳои садоларзишпахшкунии металлҳо ва хулаҳо такмил дода шудааст, ки он имконият медиҳад, аз ҳисоби содагардонӣ ва дақиқии усули мустаҳкам намудани намуна дар дастгоҳ зери кунҷҳои моили гуногун пурмаҳсултар шавад.

Калидвожаҳо: металл, хула, хосияти садопахшкунӣ, хосияти ларзишпахшкунӣ, хосияти садоларзишпахшкунӣ, дастгоҳи таҷрибавӣ, асбобҳои ченкунӣ.