ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

МЕТАЛЛУРГИЯ ВА МАВОДШИНОСӢ

Ҷураев Тухтасун Ҷураевич, Газизова Эльвира Рашитовна, Тошев Мансур Толибҷонович, Иззаутуллоев Мубориз Акрамхонович

Аннотатсия: 

Галогенизатсия, алкилизатсия ва ацилизатсияи бензол дар ҳузури катализаторҳои ба ном Фридел-Крафтс анҷом дода мешаванд. Барои фаҳмидани нақши катализатор ва механизми реаксия, ки хуб омӯхта шудааст, аммо  бисёр чизҳо норавшан боқӣ мондаанд. Бо реактивҳо ва катализаторҳо чӣ рӯй медиҳанд ва рафтори онҳо дар реаксияҳо  чи гуна мебошанд ба таври гуногун тафсир дода мешаванд. Барои беҳтар шарҳ додани механизми ин реаксияҳо дар ин кори пешниходшуда назарияи кристалло-химиявии ирсият дар табиати ғайриорганикӣ (НКХИ) истифода шудааст. Ҳамин тариқ, таҳлили реаксияҳои ивазкунии бензол ҳангоми галогенизатсия, алкилизатсия ва асилизатсия бо иштироки пайвастагиҳои кимиёвии FeBr3OЭ ва AlCl3OЭ, ки мувофиқи НКХИ дар табиати ғайриорганикӣ воҳиди химиявии структуравии ирсӣ бо конфигуратсияи устувори ОЭ бо AК = 6 мебошанд, фаъолияти каталитикии онҳоро пешгӯӣ менамояд. Фаъолияти каталитикии ионҳо-интермедиатҳои мураккаби камтар устувор, ки ҳангоми ин реаксияҳо бо конфигуратсияи TЭ ва AК = 4 ташкил шудаанд, низ тасдиқ карда шудааст.

Калимаҳои калидӣ: галогенизатсия, алкилизатсия, ацилизатсия, бензол, назарияи кристалло-химиявии ирсият.