ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ЭНЕРГЕТИКА

Ҳабибуллозода Зикрулло Ҳабибулло

Аннотатсия: 

 

Дар мақола натиҷаҳои баррасии тадқиқот оиди эҳтимолияти пайдоиши ҳодисаҳои резонансӣ ҳангоми реҷаҳои ғайрисинусоидалӣ дар шабакаҳои электрикӣ оварда шудаанд. Муаллифон усулҳои гуногуни ҳисоб ва пешгӯии резонансро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳои зарурӣ бароварданд. Натиҷаҳои таҳлили мақолаҳо нишон доданд, ки ҳодисаи резонанс барои таҷҳизоти электрикӣ зуҳуроти хатарнок аст, зеро дар ҷараён ва шиддати он таҷҳизот метавонанд қисман ё пурра осеби техникӣ бинанд. Барои паст кардани таъсири ҳодисаҳои резонанс ба таҷҳизоти электрикӣ истифодаи шунтҳои идорашаванда, батареяҳои конденсатори статикӣ, реакторҳои шунтии идорашаванда ва дигар воситаҳо зарур мебошад. Дар охири мақола дар шакли ҷадвал усулҳои истифодашаванда оиди ҳодисаи резонанс ва хулосаву тавсияҳои муалифони гуногун оварда шудаанд.

Калидвожаҳо: ҳодисаи резонансӣ, борҳои ғайрихаттӣ, шабакаҳои электрикӣ, гармоникаҳои олӣ.