1Шамсиев Муқим Ваҳобович, 2Мамадҷонова Дилноза Тоҳировна, 2Султонзода (Султонов) Шерхон Муртазо
1Донишгоҳи миллии тадқиқотии «ДЭМ», филиал дар ш. Душанбе (Ҷумҳурии Тоҷикистон)
2Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
Аннотатсия:
Дар мақола имконияти сохтани нерӯгоҳи электрикии ҷаъмкунандаи гравитатсионӣ (НЭҶГР) баррасӣ мешавад, ки беҳтарин хосиятҳои истгоҳи сахттаъсир ва офтобии ҷаъмшавандаро дар худ муттаҳид мекунад. Таъсири гравитатсионӣ барои захираи энергия тавассути истифодаи вазни батареяҳои аккумуляторӣ, мошини синхронӣ, редукторҳо, сохтмонҳои металлӣ, панелҳои офтобӣ ва таҷҳизоти электрикии ҳамроҳ афзоиш меёбад. Ҳолатҳои бардошт ва фаромадани платформа таҳлил мешаванд. Муҳимияти чунин усул дар шароити табиию иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши он ба дигар нерӯгоҳҳои барқӣ таъкид карда мешавад.
Калимаҳои калидӣ: истгоҳи акумулирукунандаи гравитационӣ, мошини синхронӣ, редуктор, батареяи аккумуляторӣ, панели офтобӣ.

