ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ЭНЕРГЕТИКА

Усмонзода Нилуфар Илҳом, Абдулаӽат Лакимович Ⱪодиров

МДТ «Донишгоӽи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров»

Аннотатсия: 

Дар мақола омӯзиши иқтидор, таркиб ва дурнамои рушди энергетикаи бодӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон, тамоюлҳои глобалии афзоиши иқтидорҳои энергетикии бодӣ, нақши онҳо дар таъмини тавозуни устувори энергетикӣ, инчунин аҳамияти махсуси рушди энергетикаи бодӣ дар минтақаҳои гуногун оварда шудааст. Таваҷҷуҳи махсус ба арзебии иқтидори энергетикии бод дар Тоҷикистон, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои ГИС, инчунин таҳлили имкониятҳои истифодаи он дар минтақаи Суғд равона карда шудааст. Дар мақола маълумот дар бораи иқтидори техникӣ ва иқтисодии энергетикаи бодӣ пешниҳод карда мешавад ва инчунин самтҳои ояндадор барои сохтмони стансияҳои бодӣ муайян карда мешаванд. Таҳлили муқоисавии ҷанбаҳои методологии муайян кардани захираҳо ва татбиқи технологияҳои муосир барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои шамол таҳлил ва гузаронида шудааст. Кор аҳамияти диверсификатсияи бахши энергетикии кишвар ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергияро барои таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувори минтақа таъкид мекунад.

Калидвожаҳо: манбаъҳои барқароршавандаи энергия, нерӯи бод, иқтидори нерӯи бод, технологияҳои GIS, иқтидори техникӣ, иқтидори иқтисодӣ, стратегияи энергетикӣ, иқтидори муқарраршуда.