ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ
Бахши Таҳқиқотҳои Муҳандисӣ

ЭНЕРГЕТИКА

Махсумов Илҳом Бурҳонович, Исозода Диловаршоҳ Тариқ, Давлатзода Абуфазл Нусратулло

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Аннотатсия: 

Дар шароити фаъолиятнокии баланди офтобӣ дар вилояти Хатлон масъалаи баланд бардоштани самаранокии системаҳои фотоэлектрикӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Ҳадафи таҳқиқот баҳо додан ба таъсири тағйирёбии афканишоти офтобӣ ва ҳарорат ба иқтидори истеҳсолии панелҳои офтобӣ мебошад. Таҳқиқот дар нерӯгоҳи автономии офтобӣ бо иқтидори 10 кВт гузаронида шуд, ки барои ченкунии сатҳи афканишоти аз люксметр ва барои ченкунии ҳарорат аз термометри инфрасурх истифода гардид. Таҳлили коррелятсионӣ гузаронида шуда, вобастагии мустақим миёни сатҳи афканишот ва иқтидори истеҳсолӣ тасдиқ гардид, инчунин таъсири манфии ҳарорат ба коҳиши самаранокӣ муайян карда шуд. Натиҷаҳо мавҷудияти тағйироти рӯзона ва мавсимии афканишоти офтобиро нишон медиҳанд, ки ба тавлиди нерӯи барқ таъсири назаррас мерасонанд. Аҳамияти амалии тадқиқот дар таҳияи тавсияҳо оид ба ҷойгиркунӣ, самтгирӣ ва истифодабарии системаҳои офтобӣ барои баланд бардоштани самаранокии онҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода меёбад.

Калимаҳои калидӣ: энергияи барқароршаванда, системаҳои фотоэлектрикӣ, афканишоти офтобӣ (инсоляция), иқтидори истеҳсолӣ, самаранокии системаҳои фотоэлектрикӣ.