Асосӣ
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – тибқи Низомнома ва Оиннома, маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ» фаъолият менамояд.
Маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ» аз се бахш иборат мебошад:
- «Таҳқиқотҳои муҳандисӣ» ISSN 2520-2227;
- «Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия» ISSN 2520-2235;
- «Техника ва ҷомеа». ISSN: 3105-7098
Бахшҳои “Таҳқиқоти муҳандисӣ” -и маҷалла ба рӯйхати нашрияҳои тақризии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КОА-и назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Узбекистон ва равияи металлургияи он ба рӯйхати нашрияҳои тақризии КОА-и Федератсияи Россия ворид карда шудааст.
Равияҳои илмии маҷалаи “Паёми политехникӣ” бахши “Таҳқиқотҳои муҳандисӣ”:
- 05.14.00 – Энергетика
- 05.16.00 – Металлургия ва маводшиносӣ
- 05.17.00 – Технологияи кимиёвӣ
- 05.22.00 – Нақлиёт
- 05.23.00 – Сохтмон ва меъморӣ
Мақолаҳо бо се забон қабул карда мешаванд:
- Тоҷикӣ;
- Русӣ;
- Англисӣ.
Маҷалла дар давоми сол 4 маротиба нашр карда мешавад.
ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОЛАҲО БА МАҶАЛЛАИ "ПАЁМИ ПОЛИТЕХНИКӢ"
- Дар Маҷалла мақолаҳои дорои хусусияти илмӣ, амалӣ ва ҳалталаб нашр карда мешаванд, ки натиҷаи таҳқиқоти анҷомшуда буда, навоварии илмӣ доранд ва барои доираи васеи хонандагони маҷалла қобили таваҷҷӯҳ мебошанд.
- Мақола (ба истиснои тафсирҳо) бояд натиҷаҳои нави илмиро дар бар гирад.
- Мақола бояд ба мавзӯъ ва сатҳи илмии маҷалла мувофиқат кунад.
- Мақола бояд бо риояи пурраи талаботҳо таҳия карда шавад.
- Мақола ба воситаи почтаи электронӣ ё бевосита дар шакли электронӣ ва нусхаи чопӣ ба шуъбаи дахлдор пешниҳод карда мешавад.
- Матни мақола бояд дар шакли IMRAD бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ё русӣ пешниҳод карда шавад.
Ба мақола замима карда мешавад:
- Мактуб (барои кормандони беруна)
- Аризаи муаллифӣ
- Шартномаи литсензионӣ
- Хулосаи экспертӣ дар бораи имконияти дар матбуоти кушод чоп кардани мақола
- Тақризи берунӣ (тибқи талабот)
- Хулосаи антиплагиат

