Таърихи маҷала

Маҷаллаи «Паёми политехникӣ» – нашрияи илмӣ-назариявӣ мебошад, ки ба рӯйхати маҷаллаҳои илмии тақризшаванда дохил карда шудааст ва дар он натиҷаҳои асосии илмии рисолаҳо барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм ба нашр расонида мешавад. Муассиси маҷаллаи «Паёми политехникӣ»  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад.

Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Паёми политехникӣ», ки қаблан «Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ном дошт, аз моҳи январи соли 2008 фаъолият менамояд. Соли 2016 бо қарори Шӯрои олимони ДТТ нашри «Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» дар ду бахш оғоз ёфт:

  • бахши «Таҳқиқоти муҳандисӣ» ISSN 2520-2227
  • бахши «Интеллект, Инноватсия, инвеститсия» ISSN 2520-2235

Моҳи январи соли 2017 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ номи маҷала аз «Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ба «Паёми политехникӣ» иваз карда шуд.

  Маҷаллаи «Паёми политехникӣ» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (Шаҳодатномаи № 0261/ЖР аз 18 январи соли 2017).

Маҷалла дар давоми сол 4 маротиба нашр карда мешавад.

Индекси обунаи «Паёми политехникӣ» дар «Почтаи точик» 77762 мебошад.

Бо мақсади ворид намудани маҷала ба системаи Russian Science Citation Index бо китобхони илмии электронии eLIBRARY.RU таҳти № 83-02/2017 шартнома  аз 16.02.2017с ба имзо расонида шудааст ва маълумот оид ба мақолаҳои илмии дар маҷалла нашршуда мунтазам ба ин китобхони илмии электронӣ ворид карда мешавад.

509